Апрел 30, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи афроди мусалаҳи ношинос ба неруҳои афғон дар ғарби Афғонистон

Сухангуи пулиси вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон аз ҳамлаи афроди мусалаҳ ба неруҳои артиши ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои  бурунмарзии Садои Хуросон , Абдулаҳад Вализода сухангуи пулиси вилояти Ҳирот гуфт, дар ин ҳамла, ки асри чоршанбе анҷом шуд, панҷ неруи артиши Афғонистон захмӣ шуданд.

Токунун гуруҳе масулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол пулиси вилояти Балхи Ағонистон ҳам эълон кард, неруҳои артиш ва амниятии ин кишвар гуруҳи Толибонро дар шонздаҳ шаҳристони ин вилоят шикаст додаанд. Дар ин даргириҳо, давоздаҳ узви гуруҳи Толибон аз ҷумла ду саркардаи ин гуруҳ ва панҷ неруи артиши Афғонистон кушта шуданд.

Дар ҳафтаҳои ахири ҳамлаҳои гуруҳи Толибон ба минтақаҳои мухталифи Афғонистон ташдид шуда ва ин гуруҳ дархости оташбаси Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии ин кишварро низ рад кардааст.