Тазоҳуроти мусаллаҳона дар иёлати Мичигани Амрико
Садҳо тан аз мӯътаризон дар иёлати Мичигани Амрико, дар муқобили сохтмони Конгресси ин иёлат, алайҳи тадовуми тадобири карантинии иҷрошуда бо ҳадафи муқобила бо коронавирус тазоҳурот карданд.
Ба нақл аз Авеста, қонунгузорони иёлати Мичигани Амрико аз тамдиди вазъияти изтирории марбут ба коронавирус дар ин иёлат худдорӣ карда ва лоиҳаеро ба манзури ба чолиш кашидани ихтиёроти Герчен Вайтмар, фармондори ин иёлат дар қиболи ин вазъияти изтирорӣ матраҳ карданд.
Бо ин ҳол, Вайтмар мутақобилан дастуроте ҷадид барои идомаи вазъияти изтирории марбут ба коронавирус содир кардааст.
Гузориш шуд, ки дар замони таҷаммӯи ин мӯътаризон, Конгресси Мичиган дар ҳоли баҳс дар бораи мавзӯи тамдиди вазъияти изтирорӣ аз сӯи фармондор буд.