Боздошти бародари Фатҳуллоҳ Гулен дар Туркия
(last modified Mon, 03 Oct 2016 15:45:02 GMT )
Октябр 03, 2016 20:45 Asia/Dushanbe
  • Боздошти бародари Фатҳуллоҳ Гулен дар Туркия

Пулиси Туркия бародари Фатҳуллоҳ Гуленро, ки ба иддаои Анкара, пушти пардаи табаддулоти нофарҷоми ин кишвар будааст, барои таҳқиқ дар ин бора дастгир кард.

Қутбуддин Гулен, бародари Фатҳуллоҳ Гулен, яке аз чеҳраҳои мухолифи Раҷаб Тайиб Эрдуғон тайи амалиёте дар Измир дастгир шуд. Бародари Гулен як рӯз пас аз он дастгир шуд, ки нахуствазири Туркия тарафдорони Фатҳуллоҳ Гуленро ба пахши овозаҳо дар бораи эҳтимоли вуқӯи табаддулоти дувум дар Туркия муттаҳам кард.

Пас аз табаддулоти нофарҷоми 15 июл дар Туркия ҳукумати ин кишвар ва шахси Раҷаб Тайиб Эрдуғон Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари Ҷунбиши "Ҳизмет"-ро омиру омили пушти пардаи ин табаддулот муаррифӣ кард. Шурӯъ аз ин вақт илова ба иқдоми Ҳукумати Туркия дар робита ба боздошти пайравони ҷунбиши Гулен ва поксозии доираҳои мухталиф ҳукуматӣ, додгоҳӣ, омӯзишӣ ва артиш аз ҳузури ин афрод мавзӯи зарурати истирдоди Гулен, ки дар табъиди худхоста дар Амрико ба сар мебурд, матраҳ шуд. Гулен низ бо рад кардани иддаоҳои раҳбарони Туркия ба мақомоти ин кишвар ҳушдор дод, ӯ дар табаддулот нақше надоштааст, аммо чунончи, ирода кунад, тайи фармоне ба нерӯҳои худ метавонад таҳаввулоти ба маротиб бузургтар ва таъсиргузортаре аз табаддулот дар ҷомеаи Туркия эҷод кунад.

Ин изҳороти Гулен кофӣ буд, то пас аз вақфаи кӯтоҳ ва муваққатие дар робита ба боздошти пайравони Ҷунбиши "Ҳизмет" мавҷи ҷадиде аз амалиёти пулис ва нерӯҳои амниятӣ дар Туркия оғоз ва дастгир кардани вобастагони ин ҷунбиш ташдид шавад; ба гунае ки ҳатто авлавияти ҳукумати Эрдуғон дар мубориза бо Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) таҳти таъсири амалиёти нерӯҳои амниятӣ алайҳи аъзои ҷунбиши Гулен қарор гирифт. Акнун боздошти Қутбуддин Гулен дар Туркия илова бар ин ки муваффақияте барои нерӯҳои амниятӣ, пулис ва низ Ҳукумати Туркия дар мубориза бо Ҷунбиши "Ҳизмет" маҳсуб хоҳад шуд, метавонад нуқтаи атфе дар амалҳои ҳукумати ин кишвар дар робита ба боздошту дастгир кардани аъзои Ҷунбиши "Ҳизмет" ва пайравони Фатҳуллоҳ Гулен бошад. Ба ибораи дигар вокуниши раҳбари Ҷунбиши "Ҳизмет" дар қиболи дастгир кардани Қутбуддин Гулен таъйинкунандаи ояндаи ҳамкориҳои Ҷунбиши "Ҳизмет"-у Фатҳуллоҳ Гулен бо Ҳукумати Туркия хоҳад буд. Ин ки Қутбуддин Гулен то чӣ ҳад пушти пардаи равобиту густурдагии нуфузи бародари худро дар бахшҳои мухталиф ва пайдову пинҳони ҷомеаи Туркия барои дастгоҳи амниятии ин кишвар ифшо хоҳад кард, ё рафтори Гулен дар қиболи дастгир шудани Қутбуддин чӣ хоҳад буду чӣ тағйир, чӣ ҷобаҷоӣ дар пойгоҳҳои худ эҷод хоҳад кард ва ӯ чӣ вокуниши амалӣ дар қиболи ин боздошт хоҳад дошт, саволоте ҳастанд, ки посухи онҳоро бояд дар рафтори ояндаи ҳукумату шахси Фатҳуллоҳ Гулен ҷустуҷӯ кард.