Май 05, 2020 09:53 Asia/Dushanbe
  • 69 ҳазор нафар қурбониёни корона дар Амрико

Қурбониёни корона дар Амрико ба марзи 69 ҳазор нафар расид.

Тибқи охирин омори донишгоҳи Ҷонз Ҳапкинз, тайи 24 соати гузашта бо марги ҳазору 240 нафари дигар, маҷмӯи қурбониёни корона дар Амрико ба 68 ҳазору 922 нафар расид.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ин маркази эъломи омори корона дар Амрико ҳамчунин гузориш кард, ки тайи 24 соати гузашта, 22 ҳазору  248 нафар ба маҷмӯи мубталоён ба вируси ношинохтаи КОВИД-19 афзуда шуданд то маҷмӯи мубталоён ба ин вирус ба як миллиону 180 ҳазору  288 нафар бирасад.

Муқоисаи омор ва арқоми 24 соати гузаштаи донишгоҳи Ҷонз Ҳапкинз бо омор ва арқоми як рӯзи қабли ин марказ, нишондиҳандаи коҳиши нисбии мубталоён ва фавтиҳои вируси корона дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳисоб меояд.

 

Барчасп