Май 06, 2020 10:45 Asia/Dushanbe
  • Кобул ; Эрон ва Афғонистон дар мавриди муҳоҷирони кушта шуда таҳқиқ мекунанд

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон эълон кард Теҳрон ва Кобул дар мавриди ташкили Ҳайати муштараки таҳқиқ дар бораи кушта шудани муҳоҷирони афғон дар рӯдхонаи Ҳарир рӯд тавофуқ карданд.

Ба нақл аз ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Афғонистон субҳи чоршанбе дар баёнияе афзуд ; дар бораи ин мавзу Муҳаммад Ҳорун Ҷаҳонсурӣ муовини сисёсии ин Вазоратхона бо сафири Эрон дар Кобул ва сафири Афғонистон дар Теҳрон бо масулони эронӣ дар тамос ҳастанд.

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон тасриҳ кард ,ки хост Кобул аз Теҳрон таҳқиқи муштарак ва сариъ дар ин замина ва итихози тасмими лозим пас аз ёфтаҳои натоиҷи баррасиҳо аст.

Дар ин баёния омадааст ; Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи гузашта дар тамоси телефонӣ бо сафири Афғонистон дар Теҳрон омодагии худро барои анҷоми таҳқиқи муштарак эълон ва изҳор карда ,ки имрӯз ҷузиёти фании ин таҳқиқро ба сурати расмӣ ба сафорати Афғонистон дар Теҳрон эълон хоҳад кард.

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон бо истиқбол аз ин иқдоми Эрон гуфтааст ,ки  мунтазири дарёфти ёддошти расмӣ аст то дар чорчуби он таҳқиқи муштарак оғоз шавад.

Чанд рӯз пеш расонаҳои Афғонистон ба нақл аз чанд муҳоҷири наҷотёфта аз рӯдхонаи Ҳарир рӯд дар марзи Эрон ва Афғонистон иддао карданд ,ки ҳудуди 57 муҳоҷир пас аз вуруди ғайри қонунӣ ба хоки Эрон ба дасти марзбонони эронӣ боздошт ва сипас маҷбур ба партоби худ ба рӯдхона шудаанд.

Ин афрод муддаӣ шуда буданд ,ки 23 тани онҳо дар ӯдхона ҷон бохтаанд аммо Вазорати умури хориҷаи Эрон ин иддаои муҳоҷирони Афғонро ба шиддат рад кардааст.

Барчасп