Тамдиди маофияти Бағдод барои хариди барқ аз Эрон
Вазири умури хориҷаи Амрико бо Мустафо Алкозимӣ нахуствазири нави Ироқ телефони гуфтугу кард.
Ба нақл аз Исно , Майк Пампео , вазири умури хориҷаи Амрико дар гуфтугуи телефони бо Мустафо Алкозимӣ , нахуствазири нави Ироқ тасриҳ кард, Вашингтон ба манзури кумак ба мувафақияти давлати нави Бағдод, маофияти 120 рӯзаро ба Ироқ барои идомаи воридоти барқ аз Эрон эъто хоҳад кард.
Дастгоҳи дипламатии Амрико дар баёнияе эълон кард ; Иёлоти Муттаҳида дар ҳимоят аз давлати нав маофияти 120 рӯзае дар хусуси таҳримҳои воридоти барқ аз Эрон лиҳоз хоҳад кард ,ки нишонаи тамоюли мо барои кумак ба фароҳам сохтани шароити дуруст барои тавфиқи давлати нав аст.
10 рӯз пеш яъне ҳаштуми урдибиҳишт хабаргузории Рейтерз ба нақл аз як мақоми аршади Вазорати умури хориҷаи Амрико гузориш дод , Вашингтон маофияти Ироқ аз Эронро барои як мудат замони 30 рӯза тамдид кардааст.