Октябр 04, 2016 11:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муҷаддади Русия барои ҳузури низомӣ дар Сурия

Намояндаи доими Русия дар Созмони милали муттаҳид гуфт, агар мудохилаи низомии Маскав дар Сурия набуд, парчамҳои сиёҳи ДИИШ ва Алқоида дар Димишқ афрошта мешуд.

Ба гузориши "Раъюлявм", Виталий Чуркин рӯзи душанбе дар гуфтугӯи матбуотӣ афзуд, Маскав умедвор аст, ҳамкорӣ бо Вашингтон дар бораи Сурия аз сар гирифта шавад ва Русия хоҳони он нест, ки ҷанги ҷаҳонии сеюм ба вуқӯъ бипайвандад.

Намояндаи доими Русия дар Созмони милал гуфт, Маскав наметавонад иқдомоти якҷонибаи Амрико дар Сурияро бипазирад, бо ин ҳол, шанси таваққуфи иқдомоти хасмона баъд аз эҳёи ҳамкорӣ миёни Маскаву Вашингтон вуҷуд дорад.

Амрико рӯзи душанбе эълом кард, ки тамоми тамосҳояшро бо Русия бар сари поён додан ба хушунатҳо дар Сурия ба ҳолати таъхир дармеоварад. Чуркин таъкид кард, Маскав дар садади рӯйи даст гирифтани тадобири якҷониба ба манзури таваққуфи оташбас дар Сурия нест.

Вай дар бораи пешнависи Фаронса, ки Порис онро ба Шӯрои амният таҳвил додааст, низ гуфт, агар дидгоҳи матраҳшуда дар ин пешнавис ҳаракат ба самти таваққуфи даргириҳо аз тарафи нерӯҳои давлатии Сурия (ба сурати якҷониба бошад, пас ин қатънома ҳаргиз натиҷа нахоҳад дод.

Намояндаи доими Русия дар Созмони милал афзуд, ин тавофуқнома танҳо дар сурати мувофиқати Маскав бо тадобири ҷиддӣ ва ҳамоҳангшуда алайҳи террористҳо амалӣ хоҳад шуд, зеро таваққуфи даргириҳои хасмона шомили гурӯҳҳои террористӣ намешавад.