Саф кашидани садҳо нафар дар Швейтсария барои дарёфти ғизои ройгон
(last modified Sun, 10 May 2020 09:29:18 GMT )
Май 10, 2020 14:29 Asia/Dushanbe
  • Саф кашидани садҳо нафар дар Швейтсария барои дарёфти ғизои ройгон

Ба думболи шуйюи коронавирус ва таътилиҳои густурда дар Швейтсария, садҳо нафар дар шаҳри Женева барои дарёфти ғизои ройгон саф кашиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, садҳо нафар аз мардуми шаҳри Женеваи Швейтсария аз соатҳои аввалияи субҳ барои дарёфти ғизои ройгон саф кашиданд.

Тавзеи ғизо дар варзишгоҳ анҷом шуд ва мардуме, ки дар саф буданд, ниқоб зада ва ба фосилаи ду метрӣ аз якдигар истода буданд.

Силвана Мастроматтио- раиси Иттиҳодияи корвони ҳамбстагӣ, ки ин иқдомро созмондеҳӣ карда буд эълом кард: Аз ибтидои шуйюи коронавирус ин шашумин бор аст, ки чунин барномае баргузор мешавад.

Ба гуфтаи вай, ин бор беш аз ду ҳазор нафар барои дарёфти ғизо дар навбат истода буданд.

Идораи федерали омори Швейтсария эълом карда, ки ҳудуди ҳашт дарсад яъне 660 ҳазор нафар аз ҷамъияти ин кишвар фақиранд ва ҳудуди як миллион нафари дигар низ дар остонаи фақр қарор гирифтаанд.

Швейтсария аз ҳудуди ду моҳи пеш барои муқобила бо шуйюи коронавирус бисёре аз ширкатҳо ва шуғлҳоро таътил кард.

Ин таътилиҳо паёмадҳои иқтисодии густурдае барои коргарони бидуни иҷозатнома ва дигар гурӯҳҳои осебпазир дар Швейтсария доштааст.

Оморҳо нишон медиҳад то кунун беш аз 30 ҳазор нафар дар Швейтсария ба КОВИД-19 мубтало шуда ва ҳазору 830 нафар аз онон фавт кардаанд.