Май 10, 2020 20:29 Asia/Dushanbe
  • Путин: Русия дар баробари ҳар ҳамлаи хориҷӣ тавони дифоъ дорад

Раисҷумҳури Русия дар мусоҳиба бо як шабакаи русӣ таъкид кард, кишвараш тавоноии қатъӣ ва қобили итминоне дар муқобила бо ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии хориҷӣ ё талош барои мухтал кардани тамомияти арзии худро дорад.

Ба нақл аз Спутник, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия - 1" ба мардуми Русия итминон дод, ки ин кишвар ба тарзи қобили итминоне тавоноии муқобила бо ҳар ҳамлаи хориҷӣ ё талош барои мухтал кардани тамомияти арзии худро дорад.

Инг мусоҳиба 11 сентябри соли 2019 анҷом шуда, аммо пахш нашуд. Дар он таърих Путин аз Ҷумҳурии Доғистони Русия дидан мекард.

Дар тӯли даҳаи 1990 мелодӣ ин минтақа шоҳиди фаъолиятҳои террористӣ буд, ки аз хориҷ ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ мешуд.

 

Барчасп