Ҷидоли лафзии Трамп ва Обама дар бораи коронавирус
(last modified Mon, 11 May 2020 06:13:08 GMT )
Май 11, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ҷидоли лафзии Трамп ва Обама дар бораи коронавирус

Раиси ҷумҳури Амрико ба интиқоди шадиди раиси ҷумҳури пешин дар бораи амалкарди давлат дар муқобила бо коронавирус вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи шабакаи ABC-Ниюз, ба думболи интиқоди шадиди Борак Обама- раиси ҷумҳури пешини Амрико аз амалкарди Доналд Трамп- раиси ҷумҳури феълӣ дар мубориза бо буҳрони коронавирус, Трамп дар ҳисоби твиттерии худ ба Обама посух дод.

Трамп дар як твитт навишт: Мамнуъ кардани зудҳангоми вуруди афрод ба Амрико аз Чин, маркази шуйюи вирус, иқдоми муассире буд ва инро бо фоҷиаи вируси зуком дар даврони раёсатҷумҳурии Борак Обама ва Ҷо Байден муовини хоболудаш бо иқдомоти заифи онҳо муқоиса кунед.

Борак Обама рӯзи ҷумъа гуфта буд вокуниши давлати Трамп ба ҳамагирии КОВИД-19, фоҷиаи пур ҳарҷу марҷи мутлақ будааст.

Дар Амрико беш аз 78 ҳазору 400 нафар бар асари бемории КОВИД-19 ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз як миллиону 300 ҳазор нафар низ ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Бино бар эъломи маркази пешгирӣ ва контроли бемориҳо дар Амрико,  зуком дар ин кишвар аз апрели 2009  то апрели 2010 ҷони 12 ҳазору 469 нафарро гирифта буд.