Нигаронии дидбони шаффофияти Афғонистон аз тавофуқи Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ
(last modified 2020-05-11T12:53:49+00:00 )
Май 11, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии дидбони шаффофияти Афғонистон аз тавофуқи Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ

Дидбони шаффофияти Афғонистон тасреҳ кард, ниҳодҳои фазоӣ ва назоратӣ бояд хориҷ аз ҳар гуна тавофуқ сиёсӣ бошанд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, дидбони шаффофияти Афғонистон рӯзи душанбе дар баёнияе нигарониашро аз музокироти байни "Ашраф Ғанӣ" ва "Абдуллоҳ" барои расидан ба як тавофуқи сиёсӣ иброз кард ва афзуд: ин гуфтугӯҳо тақсими ниҳодҳои фазоӣ, назоратӣ ва интизомиро дарбар мегирад.

Дидбони шаффофият ҳамчунин ҳушдор дод, талошҳое барои сиёсӣ шудани ин ниҳодҳо вуҷуд дорад, дар ҳоле, ки интизор меравад ин ниҳодҳо аз мудохилоти сиёсӣ масун бошанд. 

"Сайид Акрам Афзалӣ" раиси иҷроияи дидбони шаффофияти Афғонистон мегуянд:  "дер замоне аст, ки фасод ба далели сиёси­созии идороти калиди давлат, доман­гири  Афғонистон шудааст.» 
 
 Афзалӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Афғонистон дигар тавон нокоми идорот давлатиро надорад. 
 
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши расонаҳо гуфтугӯҳои Абдуллоҳ бо Ашраф Ғанӣ бар сари тақсими  аъзои шӯрои додгоҳи олии Афғонистон ва додситони кулли ин кишвар барои расидан тавофуқ байн ду тими пештози интихоботӣ ва ҳалли буҳрони сиёсии ин кишвар ҷараён дорад.