Май 13, 2020 09:37 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ ; масули ҳамлаи терорристӣ ба бемористони Кобул

Гуруҳи терорристии ДИИШ масулияти ҳамла ба бемористоне дар Кобули Афғонистонро бар уҳда гирифт.

Ба нақл аз ИРНО, Вапзорати кишвари Афғонистон эълон кард ; афроди мусалаҳ субҳи рӯзи сешанбе ба бемористони Барчӣ дар ғарби Кобул ҳамла карданд ,ки дар паи он гуруҳи терорристии ДИИШ масулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Ториқ Орин сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон гуфт дар ин ҳамла 14 ғайри низомии афғон аз ҷумла ду навзод кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

Ин таркишҳо дар ташйиъи ҷанозаи шайх Акрам аз фармондаҳон неруи мардумӣ рух додааст, ки алайҳи Толибон ва ДОИШ меҷангид

Манбаъҳои хабарӣ дар вилояти Пактика дар ҷануби Афғонистон низ гузориш доданд, ки афроди ношинос дар масҷиди ин вилоят ба намозгузорон оташ кушоданд, се нафар кушта ва дигарон захмӣ шуданд.