Май 13, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамалоти Толибон дар Афғонистон пас аз тавофуқ бо Амрико

Идораи амнияти миллии Афғонистон эълом кард: Толибон пас аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ бо Амрико дар Қатар, ҳамалот ба манотиқи мухталифи ин кишварро афзоиш додааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Идораи амнияти миллии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: Гурӯҳи Толибон пас аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ бо Амрико аз ду моҳу ними пеш то кунун се ҳазору ҳафтсаду  дувоздаҳ ҳамларо дар манотиқи мухталифи Афғонистон анҷом додааст.

Ин гузориш афзуд: Дар ин ҳамалот  чаҳорсаду шасту нуҳ ғайринизомии афғон кушта ва ҳудуди нуҳсаду панҷоҳ ғайринизомӣ низ захмӣ шуданд.

Дар гузориши Идораи амнияти миллии Афғонистон омадааст, ҳар чанд низомиёни афғон дар ин муддат дар ҳолати дифоӣ қарор доштанд, аммо барои ҳифозат аз ҷону  моли мардум, ҳудуди  ҳазору шашсад амалиёти дифоиро барои дафъи ин ҳамалот анҷом доданд, ки бар асари он ду ҳазору яксаду сию чаҳор нафар аз узвҳои Толибон кушта ва ҳудуди ҳазору ҳафтсад нафар аз онҳо захмӣ шуданд.

Дар пайи шиддат гирифтани ҷангу ҳамалоти  террористӣ дар Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ- раиси ҷумҳури ин кишвар сешанбешаб дастур дод, низомиёни Афғонистон аз ҳолати дифоӣ хориҷ шуда ва ба ҳолати ҳуҷумӣ барои муқобила бо Толибон дароянд.