Май 14, 2020 10:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ва ҷонбохтагони вируси Корона дар Покистон ва Афғонистон

Шумори мубталоён ва ҷонбохтагони вируси корона дар Покистон ва Афғонистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурнмарзии Садои Хуросон , Вазорати тандурустии Покистон теъдоди мавориди нави мубталоён ба вируси корона дар 24 соат и гузаштаро 2255 нафар эълон кард , ба ин тартиб омори кули мубталоён ба 34 ҳазору 370 нафар расид.

Вазорати тандурустии Покистон ҳамчунин аз сабти 31 мавриди марги нави ноши аз вируси Корона хабар дод ,ки шумори кули ҷонбохтагон дар ин кишвар ба 737  нафар афзоиш ёфт.

Ин афзоиш дар ҳоле аст ,ки давлати Покистон маҳдудиятҳои Каронаиро дарин кишвар ба тадриҷ коҳиш дода ва ҳам акнун марказҳои тиҷорӣ ва бозорҳо дар саро сари Покистон ба сурати маҳдудият фаолияти худро аз сар гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва дармони Афғонистон асри чоршанбе эълон кард, бо сабти 259 мавриди нав афроди олуда ба вируси Корона дар ин кишвар , шумори ҳамаи мурдаҳо ба панҷ ҳазору дусаду бисту шаш нафар расид.

Ҳамчунин бо марги панҷ нафари дигар дар Афғонистон ноши аз вируси Корона, шумори мурдаҳо дар ин кишвар бар асари ин вирус ба саду сивуду нафар афзоиш ёфт.