Май 18, 2020 11:47 Asia/Dushanbe
  • Путин: Артиши Русия ба ҷангафзорҳои хос муҷаҳҳаз шудааст

Раиси ҷумҳури Русия аз муҷаҳҳаз шудани артиши кишвараш ба ҷангафзорҳои хос хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Юкрейн Вайер, Владимир Путин дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт: Артиши Русия ҷангафзорҳое дорад, ки ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон намунаашро надорад.

Путин гуфт: Чунин муваффақиятҳое бидуни бархурдорӣ аз донишкадаҳои илмӣ ва муҳандисони моҳир мумкин нест.

Бар асоси омори Муассисаи байналмиллалии таҳқиқоти сулҳи Стогколм (СИПРИ), Русия баъд аз Амрико дуввумин кишвари тавлидкунандаи силоҳ дар ҷаҳон аст.

Путин дар ҳоле ин суханонро дар бораи қудрати низомии Русия баён кард, ки Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико низ шомгоҳи ҷумъа иддао кард кишвараш мушаке сохта, ки 17 бор сариътар аз мушакҳои феълӣ аст.

Вазорати дифои Русия низ ахиран аз партоби муваффақи як мушаки қоррапаймои худ аз шаҳри Астрахан хабар дод.

 

Барчасп