Таъкиди ду тан аз уламои динии Афғонистон бар озодсозии Қудс
Ду тан аз уламои динӣ дар вилояти Ғазнии Афғонистон таъкид карданд, барои раҳоии Қудс аз чанголи режими саҳюнистӣ ниёз ба ваҳдати мусулмонон аст.
Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Мавлави Ҳоҷи Муҳаммад, яке аз уламои динӣ дар вилояти Ғазнӣ гуфт: Қудс қиблаи аввали муслимин барои тамоми мусулмонони ҷаҳон мебошад ва озодии Қудс орзуи ҳар мусулмоне аст ва бидуни ваҳдат ва якпорчагии мусулмонон озодии Қудс мумкин нест.
Ҳуҷҷатул-ислом вал-Муслимин Асғарӣ Раиси Шурои уламои шиаи вилояти Ғазнӣ низ гуфт: агар мусулмонон мехоҳанд иззат дошта бошанд ва дигар ба муқаддасоти онон тавҳин нашаваду дар чанголи саҳюнизм набошанд, бояд ваҳдат дошта бошанд ва аз ихтилоф дурӣ кунанд.
Ин олими динӣ афзуд: агар кишварҳо ба мусулмонон иттиҳод дошта бошанд, ҳеҷ қудрате ҳарифи ислом нахоҳад шуд ва ҳама муқаддасот дар ихтиёри худи мо қарор хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи вай, Имом Хумайнӣ (р.а) бедоргари бузург дар ҷаҳони ислом низ ваҳдатро рамзи пирузӣ дар баробари душманони ислом донистанд ва хоҳони ваҳдату якпорчагии уммати исломӣ шуданд. Ва ба ҳамин манзур он шахсияти азиз рӯзеро барои ваҳдати мусулмонон ва бозгашти умед ба унвони рӯзи Қудс номгузорӣ кард, то дар ин рӯз мусулмонон бо эътирозоти худ ларза ба андоми душманони ислом андлзанд ва ба онон бифаҳмонанд, ки мусулмонон Қудсро фаромуш накардаанд ва рӯзе онро озод хоҳанд кард.