Май 20, 2020 11:50 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳури пешини Амрико Барак Обама дар як суханронии телевезионӣ барои дабиристониҳо бори дигар амалкарди Доналд Трампро ба боди интиқод гирифт.

Ба нақл аз Дейли Мейл , Барак Абама дар як паёми яксоатаи видиоии вижа барои донишомӯзони фориғутаҳсили дабиристони беин ,ки номе аз Трамп бибарад тамоми амалкардҳои Ӯро зери суол бурд ва аз Ӯ ба унвони фарде ,ки мисли кудакон фикр мекунад ёд кард.

Абама гуфт ; анҷоми коре ,ки роҳат ва осон аст ва фақат ҳиси хубе дорад ,мисли тафакури бачаҳои худ аст. Мутаасифона баъзе ба истилоҳ бузургтарҳо ,аз ҷумла афроде бо унвонҳои шик ва машоғили муҳим, ҳануз бо ҳамин равиш фикр мекунанд , барои ҳамин авзоъ бо ин ҳад ошуфта ва печида шудааст.

Раиси ҷумҳури пешини Амрико афзуд ; ин бемории ҳамагири ( Корона ) авзоъро бесубот кард ва бисёре аз мушкилоти решаии кишвари мо аз нобаробарии густардаи иқтисодӣ гирифта то нобаробари идомадори нажодӣ ва набуди хадамоти аввалияи беҳдоштӣ барои афроде ,ки ба он ниёз доранд,бармало кард.

Абама гуфт ; ҳамчунин ин бемори аз ҳақиқати душвори дигаре парда бардошт. Ҳақиқате ,ки ҳамаи мо дар ниҳоят бо поёни кудакӣ бояд онро бипазирем. Маълум шуд ҳамаи он бузургсолоне ,ки фикр мекунанд масул ҳастанд ва медонанд ,ки чи кор мекунанд,онҳо ҳам посухи ҳамаи суолотро намедонанд. Теъдоди зиёде аз онҳо ҳатто наметавонанд суоли дурустро бипурсанд.

Барчасп