Май 27, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Радди эъзоми нерӯи низомӣ аз Русия ба Либия

Сенатори рус эъзоми нерӯи низомӣ аз Русия ба Либияро рад кард.

Ба гузориши “Форс”, Владимир Ҷабборов, сенатори рус дар вокуниш ба иддаоҳои Амрико эълом кард, Маскав нерӯи низомӣ ба Либия эъзом накардааст.

Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ки Русия таслиҳоти пешрафта дар ихтиёри нерӯҳои Халифа Ҳафтар, фармондеҳи нерӯҳои шарқи Либия қарор надодааст, аммо талош мекунад то мудохилаи худ дар Либияро пинҳон кунад.

Вазорати хориҷаи Амрико дар идома муддаӣ шуд, ки рангомезии муҷаддади ҳавопаймоҳои Русия дар Либия боиси пинҳон мондани ҳақиқат набуда ва фаъолиятҳои бесуботкунандаи Маскав дар Либия комилан ошкор аст.

Фармондеҳии артиши Амрико дар Африқо ҳам пеш аз он бо судури баёнияе муддаӣ шуд, Русия бо истиқрори ҷанганда дар Либия, қасд дорад гурӯҳҳои паймонкори низомии хусусиро, ки дар ин кишвар фаъолият карда ва ба нерӯҳои ташкилоти мавсум ба артиши миллии Либия кумак мекунанд, ҳимоят намояд.

Муовини раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар парлумони Русия (Дума) дар вокуниш иддаои фармондеҳи марказии нерӯҳои Амрико дар Африқо (Африком)-ро рад карда буд.

Ин мақоми рус дар вокуниш ба изҳороти фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Африқо гуфт, ки “иттиҳомоти Вашингтон дар робита бо ҳавопаймоҳои Русия дар Либия сохтагӣ ва дурӯғ аст”.