Май 28, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи мардуми Афғонистон аз маҳсулоти эронӣ

Мудири кули гумруки Дуғорун гуфт ; бозорписандии маҳсулоти эронӣ ва истиқболи мардуми Афғонистон аз онҳо муҷиби равнақи бозори ин кишвар шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Муҳаммад Куҳгард мудири кули гумруки Дуғорун бо баёни ин ,ки дар ҳоли ҳозир 80 дар сад колоҳои содиротии Эрон аз гумруки Дуғорун дар шимоли Афғонистон содир мешавад, афзуд ; содироти анвои колоҳои эронӣ аз тариқи марзи Дуғорун дар шимол шарқи Эрон ба Афғонистон боиси иштиғолзоӣ дар вилоятҳои мухталифи ин кишвар шудааст. Куҳгард афзуд ; дар ду моҳи гузашта 414 ҳазор бун анвои коло ба арзиши беш аз 561 миллион доллар аз гумруки Дуғорун ба самти кишвари Афғонистон содир шудааст. Мудири кули гумруки Дуғорун ҳамчунин бо ишора ба воридоти коло аз Афғонистон , гуфт ; дар ду моҳи гузашат як ҳазор бун анвои коло ба арзиши 877 ҳазор доллар аз самти Афғонистон ба гумруки Дуғорун ворид шудааст. Масолеҳи сохтмонӣ ва фаровардаҳои нефтӣ муҳимтарин ақломи содиротӣ аз гумруки Дуғорун ба Афғонистон аст. Солона беш аз як миллион бун анвои коло ба арзиши беш аз як миллиард доллар аз тариқи Дуғорун ба Афғонистон содир мешавад. Дуғорун муҳимтарин марзи содиротии Эррон ва муҳимтарин марзи заминии Афғонистон барои иртибот бо ҷаҳон ба вижа Аврупо ва кишварҳои ҳавзаи Хариҷи Форс ба шумор меравад. Ин марз , яке аз муҳимтарин муъбарҳо дар масирҳои транзитии муҳими ҷаҳон аз ҷумла каридори ҳамлу нақли байналмилаллии шимол - ҷануб  ва каридори ҳамлу нақли Аврупо, Қафқоз ва Осиё аст.