Май 28, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Дастури омодабош ба артиши Исроил дар бораи таниши эҳтимолӣ

Раиси артиши режими Саҳюнистӣ дар нишаст бо афсарони аршад ҳушдор дода ,ки барои таомул бо таниши эҳтимолӣ дар минтақаҳои фаластинӣ омода бошанд.

Ба нақл аз Исно , ба навиштаи рӯзномаи Ҳоортз , Овив Куховӣ раиси ситоди артиши режими Саҳюнистӣ ахиран дар нишаст бо афсарони аршади артиши ин режим ҳушдор дода ,ки агар ҳимояти Исроил бар арозии фаластинӣ дар июни оянда иҷроӣ шавад , эҳтимоли таниш вуҷуд дорад лизо артиш бояд барои ҳаргуна таниши эҳтимолӣ дар Каронаи Бохтарӣ омода бошад.Манбаъҳои амниятии дигар низ ба адами имкони эъмоли ҳокимият бар шаҳракҳои Яҳудӣ нишин дар Каронаи Бохтарӣ дар таърихи Муъийн яъне июни оянда ишора карданд зеро замони кофӣ барои рӯё рӯи бо таҳавулоти эҳтимолии назири вазъияти номуносиби амниятӣ дар Ғаззаҳ ва Каронаи Бохтарӣ вуҷуд надорад.

Ин манбаъҳо ба сойти Воло гуфтанд ,эҳтимол дорад Бинямин Натаняҳу , нахуствазири Исроил дар замони таъиншуда танҳо ба эъломни илҳоқи иктифо кунад ва иҷроии онро чанд моҳ ба таъвиқ биандозад.

Соиб Ариқот, дабирикули Кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин низ  нисбат ба мутавасил шудани Исроил ба зур барои иҷроии тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ҳушдор дод.

Ариқот афзуд , рӯйкарди Исроил бар асоси таҳмили воқеиятҳо ва тақвияти ишғолгари барои поён додан ба раванди музокирот аст ,ки метавонад ба ошуб поён дода ва таҳақуқи сулҳро рақам бизанад.

Ин мақоми фаластинӣ хотирнишон кард, баъд аз тасмими Фаластин барои тавақуфи иҷроии тавофуқот бо Исроил аз ҷумла ҳамоҳангии амниятии Исроил барои таниши майдони ва ошуб барномарезӣ мекунад ,ки мусталзами мудохилаи байналмилаллӣ аст.

Ариқот ишора кард , раҳбарии Фаластин доиман дар нишаст ҳастанд ва тамосҳои байналмилаллӣ ва арабӣро ба манзури мумониат аз тарҳи илҳоқ ва ҳушдор дар бораи хатарҳои он ва талош барои нобудии раванди сулҳ барқарор мекунад.