Русия: Рафтори барҷомии Амрико хатаре барои ҷаҳон аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54059
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, рафтори Амрикоро дар қиболи БарҶом ва Паймони NPT, барои низоми манъи ишоа ва амнияти ҷаҳонӣ хатарнок хонд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 28, 2020 17:32 Asia/Dushanbe
  • Русия: Рафтори барҷомии Амрико хатаре барои ҷаҳон аст

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, рафтори Амрикоро дар қиболи БарҶом ва Паймони NPT, барои низоми манъи ишоа ва амнияти ҷаҳонӣ хатарнок хонд.

Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои бйналмилалии мустақар дар Вена, рӯзи панҷшанбе (28 май) дар саҳифаи Твиттери худ навишт: Амрико исрор дорад, ки Эрон дар паймони манъи густариши ҳастаӣ фақат тааҳҳудот дорад ва ба рағми банди 4-уми ин паймон, иҷозаи истифодаи сулҳомез аз энергияи ҳастаиро надорад.

Улянов афзуд: Ин сирфан сиёсати меъёрҳои дугона нест, балки талоши нодуруст бар хилофи низоми манъи ишоа аст.

Улянов дар саҳифаи Facebook- и худ навишт: Он чи мусаллам ва мавриди тасдиқи мароҷеи байналмилалӣ аст, ҳуқуқ дар равобити байналмилал ба ҳамроҳи тааҳҳудот меояд ва баръкси ин ҳам сидқ мекунад.  Дар ҳоле, ки Амрико ба сурати ҷиддӣ мӯътақид аст, ки метавонад аз ҳуқуқ дар қатъномаи 2231 Шӯрои амният дар БарҶом бархӯрдор шавад ва дар айни ҳол, тааҳҳудоти худро дар ин қатънома нодида бигирад.