Вокуниш Обама ба кушта шудани шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ
Раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар вокуниш ба қатли як шаҳрванди сиёҳпӯст ба дасти маъмури полис гуфт: Чунин иттифоқоте набояд дар Амрикои соли 2020 амре оддӣ бошад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Ссадои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интернетии шабакаи CNN, Борак Обама дар баёнияе навишт: Ин ки орзу кунем баъди як ҳамагирии ҷаҳонӣ ва буҳрони иқтисодӣ зиндагӣ ба ҳолати оддӣ баргардад амре оддӣ аст. Аммо бояд ба хотир биёварем, ки барои миллионҳо амрикоӣ, бархурди мутафовит бар асоси нажод як амри оддии ғамангез, дарднок ва девонакунандааст, ки дар ҳангоми муроҷиа ба низоми саломат, низоми қазоӣ, қадам задан дар хиёбон ё фақат тамошои парандагон бо он мувоҷеҳ мешаванд.
Раиси ҷумҳури собиқи Амрико таъкид кард: Ин масъала набояд дар Амрикои соли 2020 амре оддӣ бошад.
Вай аз мақомҳои иёлати Миннесота дархост кард аз таҳқиқоти одилона дар бораи қатли Ҷорҷ Флуйд итминон ҳосил кунанд.
Обама идома дод: Бар уҳдаи ҳамаи мо аст, ки фориғ аз нажод ва мавқеият, ҳанҷори ҷадиде эҷод кунем, ки дар он мероси таассубот ва рафторҳои нобаробар, ниҳодҳо ва қалбҳои моро олуда накунанд.
Рӯзи душанбе як афсари полис Ҷорҷ Флуйди 46 соларо, ки ғайримусаллаҳ буд бо рафторе хашин рӯйи замин хобонд ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, зонуяшро рӯйи гардани Флуйд қарор дод ва монеи нафас кашидани ӯ шуд ба наҳве, ки ин рафтори хушунатомез дар ниҳоят ба марги Флуйд мунҷар шуд.
Пас аз интишори тасовири ин рафтори хушунатбори полиси Амрико, шаҳрҳои мухталифи ин кишвар саҳнаи эътирози мардум ва даргирии онҳо бо неруҳои полис аст.