Иҷлоси Афғонистон дар Брюссел
Ба манзури ширкат дар иҷлоси байналмилалии Афғонистон дар Брюссел, раисҷумҳур ва раиси шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати милли ин кишвар озими Белгия шуданд.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ-раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон қасд доранд, зимни ташреҳи дастовардҳои давлати худ дар бахши ислоҳот, ҳукуматдории хуб, ҳуқуқи занон, сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодӣ, назари ширкаткунандагон дар иҷлосро барои ироаи кӯмакҳои молӣ ҷалб кунанд.
Зеро ҳадаф аз баргузории ин иҷлос, баррасии мизон ва чигунагии кӯмакҳои байналмилалии ба Афғонистон то соли 2020, дар канори ҳамкориҳои амниятии ин кишвар бо НАТО аст.
Ҳар чанд Аклил Ҳаким-вазири дороии Афғонистон аз қатъӣ будани кӯмаки 3.5 миллиард долларии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон хабар дода, аммо мақомоти давлати ин кишвар, ки дар иҷлоси Брюссел ҳузур доранд талош мекунанд ин рақамро афзоиш диҳанд.
Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ агар чи дар солҳои ахир таваҷҷуҳи маҳофили байналмилалӣ ба Афғонистон камтар шуда, аммо баргузории иҷлоси байналмилалии Брюссел дар мавриди Афғонистон нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ин кишварро ба таври комил фаромӯш накарда ва дар садад аст, бо идомаи кумакҳои молии худ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон кӯмак кунад.
Бо ин ҳол, кишварҳои кӯмаккунанда идомаи кӯмакҳои худро ба ин кишвар ба масоиле ҳамчун муқобила бо фасоди молӣ ва идорӣ ва пешбурди раванди сулҳ машрут кардаанд. Ба ҳамин далел Ашраф Ғанӣ- раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ҳам ба Брюссел сафар кардаанд, то нишон диҳанд миёни онҳо натанҳо ихтилофе нест, балки барои пешбурди барномаҳои давлати худ талош мекунанд.
аз дидгоҳ нозирон сиёси имзои тавофуқнома сулҳ миён давлат Афғонистон ва ҳизб исломи ҳикматёр боис шуд ашраф ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо дасти пур ба Белгия сафар кунанд ва аз ин тавофуқнома ба унвони дастоварди давлати худ ном мебаранд. Тардиде нест, сармоягузорӣ ва ироаи кӯмакҳои лозим барои бозсозии Афғонистон ниёзманди сулҳ ва амният дар ин кишвар аст. Аз ин ру, аз дидгоҳи давлати Кобул имзои тавофуқномаи сулҳ бо Ҳикматёр метавонад заминаи сулҳи пойдор дар Афғонистонро фароҳам кунад.
Аз дидгоҳи давлатмардони Афғонистон дар фасоди молие, ки маҳофили кӯмаккунанда матраҳ мекунанд, ниҳодҳои ғарбии фаъол дар ин кишвар низ даст доранд ва барои решакании фасод дар Афғонистон ҳамкории ҳама иниҳодҳо лозим ва зарурӣ аст. Илова бар ин шурут, кишварҳои ғарбӣ барои ироаи кӯмак ба Афғонистон набояд ба гунае бошад, ки дахолат дар умури дохилии ин кишвар талаққӣ шавад.
Яке аз масоили муҳимме, ки ахиран миёни Афғонистон ва кишварҳои аврупоӣ матраҳ аст, масъалаи паноҳҷӯёни афғон дар Аврупо аст. Кишварҳои аврупоӣ талош мекунанд, то ин паноҳҷӯёнро ихроҷ кунанд, ки бо эътирози кишварҳои аврупоӣ мувоҷеҳ шуд. Давлати Афғонистон бар ин эътиқод аст, кишварҳои аврупоӣ бояд бар асоси конвенсияҳои байналмилалӣ бо муҳоҷирини афғон бархӯрд кунанд. Аз инру, гуфта мешавад, дар иҷлоси Брюссел қарор аст, дар мавриди масъалаи паноҳҷӯёни афғон дар Аврупо низ баҳс ва барои сукунати онон дар Афғонистон як миллиард евро ихтисос ёбад.
Дар ҳар ҳол, баргузории иҷлоси Брюссел барои кӯмак ба Афғонистон замоне метавонад барои ҳалли мушкилоти ин кишвар муфид воқеъ шавад, ки кишварҳои кӯмаккунанда ба ваъдаҳои худ амал кунанд ва сирфан ба думболи шуҳрати сиёсӣ ва байналмилалӣ аз баргузории иҷлосҳои байналмилалӣ набошанд.