Май 31, 2020 18:56 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 400 ҳазор нафар шумори мубталоён ба коронавирус дар Русия

Давлати Русия эълом кард, шумори мубталоён ба корнавирус дар ин кишвр ба беш аз 400 ҳазор нафар расид.

Ба гузориши Рейтерз, давлати Русия имрӯз якшанбе аз сабти 9 ҳазору 268 мавриди ибтило ба коронвирус дар ин кишвар таи 24 соати гузашта хабар дод ва эълом кард, шумори мубталоён ба коронавирус дар Русия ба 405 ҳазору 843 нафар расидааст.

Давлати Русия шумори қурбониёни коронавирус дар ин кишварро низ 4693 нафар эълом кард, ки ин рақам дар муқоиса бо омори рӯзи шанбе 138 нафар афзоиш нишон медиҳад.

Русия дар ҳоли ҳозир аз лиҳози шумори мубталоён ба коронавирус؟ пас аз кишвраҳои Амрико ва Бразилия дар рутбаи севвуми ҷаҳон қарор дорад.

 

Барчасп