Июн 07, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Джордж Буш: Дар интихобот аз Трамп ҳимоят намекунам

Раисҷумҳури пешини Амрико таъкид кард, ки аз интихоби дубораи Доналд Трамп дар интихоботи моҳи ноябр ҳимоят нахоҳад кард.

Ба нақл аз ҳафтаномаи амрикоии Washington Examiner, Джордж Уокер Буш, 43-умин раисҷумҳури Амрико ин изҳоротро дар ҳоле эълом кард, ки равобити Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии ин кишвар бо хонаводаи Буш хуб нест ва Буш ва ҳамсараш дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 низ ба Трамп раъй надоданд.

Бино бар ин гузориш, Джордж Уокер Буш ва падараш баъд аз пирӯзии Трампи ҷумҳурихоҳ дар интихоботи соли 2016, аз вай ҳимоят накарданд ва худдорӣ аз ширкат дар конвенсияи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳро тарҷеҳ доданд.

Хаб Буш, бародари кӯчктари Джордж Уокер Буш  соли 2016  ба унвони яке аз номзадҳои ҷумҳурихоҳ вориди арсаи рақобатҳои интихоботӣ шуд, аммо корзори интихоботии вай дар паи тавҳинҳои мукаррари Трамп зуд таътил шуд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико 3-юми ноябри оянда баргузор мешавад.

 

 

Барчасп