Июн 08, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • 
Бар асари таркиши минаи канори роҳ як навҷавони афғон кушта шуд

Як навҷавони афғон бар асари таркиши минаи канори роҳ дар шарқи Афғонистон, кушта шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, "Шоҳ Муҳаммад Ариан", сухангӯи полиси Пактика дар шарқи Афғонистон гуфт, мина дар канори роҳ таркид, ки субҳи душанбе дар вилояти музофоти Мата Хон таркид ва як нафари дигарро захмӣ кард.

Ҳанӯз фард ё гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.

Таркиши минаҳои канори роҳ дар Афғонистон ҳамвора ғайринизомиёни ин кишварро ҳадаф қарор медиҳад.