Клинтон: Кадом ақли солим Трампро дастгирӣ мекунад ?!
Ҳилларӣ Клинтон дар изҳороте бо ҳамла ба Доналд Трамп аз касоне, ки ҳамчунон аз ӯ ҳимоят мекунанд низ интиқод кард.
Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Исна, Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи асбақи Амрико ва рақиби собиқи Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016, посухгӯи Доналд Трамп дар қиболи марги Ҷорҷ Флойд ба дасти полис ва эътирозоти мутаоқиби онро "нокофӣ"донист ва гуфт, Раиси Ҷумҳурии Амрико " мисоли як нокомии комил" буд.
Клинтон дар мусоҳибаи худ бо рӯзномаи Лос Анҷелес Таймз интиқодоти густардаро алайҳи Раисҷумҳури Амрико матраҳ кард.
У изҳор кард: бароям ҷои суол аст, чаро касе, ки қалби тапанда ва зеҳни солим дорад ҳамчунон аз ӯ ҳимоят мекунад.
Ӯ дар идома аз рухдоди чанд рӯз пеш марбут ба поксозии парки Лафайетт дар наздикии кохи сафед ба манзури мусоид кардани шароит барои аск андохтани Доналд Трамп дар маҳалли калисои Сент Ҷон интиқод кард.
Ӯ гуфт: ин дигар аз ҳадди дарки ман ҳам фаротар рафта буд. Мо ҳаргиз чунин иттифоқеро мушоҳида накарда будем. Ӯ хиҷолат намекашад.
Дар замони ин рухдод, Ҳиллари Клинтон дар изҳори назаре дар Твиттер навишт: "ИН як истифодаи ваҳшатнок аз қудрати раёсати ҷумҳурӣ" аст.
Клинтон дар идома дар хусуси қатли Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст ба дасти полис дар Минеаполис ва наҳваи посухи Трамп ба он сӯҳбат ва тасреҳ кард: вақте, ки мо як қатли ваҳшатнок , ҳамчун мавриди Миниополисро доштем ӯ соате баъд аз он, ки мо видеои ваҳшатноки онро тамошо кардем, гомҳое ба пеш бардошт то вонамуд кунад қасди ҳамдилӣ дошт ва талош кард, сироҳатан дар бораи ин тадовуми ошкори нажодпарастӣ ва беадолатиҳои полис ва низоми қазоӣ ҳарф бизанад.Аммо ӯ ба якбора масирашро тағир дод, чун анҷоми ин корҳо барои ӯ роҳат нест.
Ӯ ҳамчунин Трампро муттаҳам кард ба ин, ки аз шароити озордиҳандае, ҳамчун ҳамагирии коронавирус ва қатли Ҷорҷ Флойд барои матраҳ кардани худаш истифода мекунад.