Июн 09, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи эътирозгарон ба ситораи Трамп дар Ҳолливуд

Эътирозгарон ба нажодпарастӣ, дар минтақаи Ҳолливуди шаҳри Лос- Анҷелеси Амрико бо ранги сиёҳ рӯйи ситораи Трамп дар пиёдарав машоҳири Ҳолливудро пӯшонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамчунин тасвирҳои бисёре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, ки нишон медиҳад мӯътаризон халтае аз фузулоти сагро низ рӯи ному ситораи раисҷумҳури Амрико гузошта буданд, то бад ин шева авҷи хашми худро аз Доналд Трамп нишон диҳанд.

Ситораи Трамп дар пиёдарави машоҳири Ҳолливуд то кунун борҳо тахриб шудааст.

Аз ҷумла соли 2018 яке аз ҳунармандони Лос-Анҷлес бо номи ҳунаре "Plastic Jesus" ба нишонаи зарурати муҳокима ва зиндонӣ шудани Трамп рӯи ситораи ӯ милаҳое шабеҳи милаҳои зиндон қарор дод.

Plastic Jesus соли 2016 низ дар эътироз ба тасмими Трамп ба деворкаше дар марзи Амрико ва Мексик ба даври ситораи вай дар пиёдарави Ҳолливуд деворе аз сими хордор кашида буд.

Соли 2016 ҳамчунин пас аз он, ки наворе аз суханони бешармона ва тавҳиномези Трамп дар бораи занон мунташир шуд, марде бо куланг ситораи Трампро комилан аз байн бурд.

Барчасп