Июн 10, 2020 20:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи 75000 долларии сафари тафреҳии писари Трамп ба Муғулистон

Ҳазинаи хадамоти махфии сафари тафреҳии писари раисҷумҳури Амрико ба Муғулистон ҳудуди 75000 доллар харҷ рӯйи дасти молиётдиҳандагони амрикоӣ гузоштааст.

Ба гузориши Исна, асноде, ки ба дасти гурӯҳи ғайридавлатии мавсум ба Шаҳрвандон ҳомии масъулият ва ахлоқ дар Вашингтон расида, нишон медиҳанд, ки суратҳисоби ҳазинаҳои иқдомоти амниятии хадамоти махфӣ дар сафари тафреҳии Доналд Ҷуниор, писари бузурги раисҷумҳури Амрико ба Муғулистон беш аз 76000 доллар будааст.

Ҳадафи Доналд Ҷуниор аз ин сафараш ба Муғулистон, ки дар моҳи августи гузашта анҷом шуд, шикори мешҳои кӯҳии нажоди “Орғоли” будааст, ки ба хотири доштани шохҳои баландашон машҳур ҳастанд. Ин ҳайвонот дар ҳоли инқироз эълом шудаанд.

Як мақоми наздик ба Трамп ба Си Эн Эн гуфт, ҳазинаи ин сафар ба Муғулистон ба истиснои ҳазинаҳои марбут ба иқдомоти амниятии Сервиси махфӣ аз ҷониби Доналд Ҷуниор пардохт шуд. Доналд Ҷуниор дар гузашта аз бобати сафарҳои шикорӣ, ки дошта, мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Доналд Ҷуниор дар ҷараёни сафараш ба Муғулистон бо раисҷумҳури ин кишвар низ дидор кард.