Июн 12, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди шаҳрдори Сиэтл аз Трамп  

Шаҳрдори Сиэтл таҳоҷуми артишро ғайриқонунӣ гуфт.

Ҷенни Дуркан, шаҳрдори Сиэтл ба таҳдиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар хусуси фиристодани низомиёни артиш ба ин шаҳр барои саркӯби муътаризон ва тазоҳуроткунандагон алайҳи нажодпарастӣ ва хушунат дар Амрико вокуниш нишон дод.

Ба гузориши “Форс”, Дуркан гуфт, эъзоми нерӯи низомӣ тавассути Трамп ба Сиэтл ғайриқонунӣ ва хилофи қонуни асосии Амрико аст.

Бар ин асос, вай аммо тавзеҳ надод, ки масъулони Сиэтл чӣ гуна ва чӣ замоне қасд доранд муътаризонеро, ки бахшҳое аз ин шаҳрро тасарруф ва эъломи худмухторӣ кардаанд, мутафарриқ кунад.

Шаҳрдори Сиэтл дар ин нишасти хабарӣ тавзеҳ дод: Эъзоми нерӯи низомӣ ба Сиэтл ғайриқонунӣ ва хилофи қонуни асосӣ аст ва ҳеҷ таҳдиди фаврӣ дар бораи таҳоҷум ба Сиэтл вуҷуд надорад.

Ба навиштаи “Рейтерс”, Дуркан бо баёни ин ки тамоми амрикоиҳо ҳақ доранд масъулон ва давлати ин кишварро ба чолиш бикашанд, изҳор дошт: “Мо ба ҳеҷ касе ниёз надорем, аз ҷумла раисҷумҳур, ки беш аз ин тафриқаафканӣ карда, иттилооти нодуруст ва беэътимодеро тарвиҷ диҳад”.

Вай дар интиқодоти шадидуллаҳн алайҳи Трамп гуфт: “Яке аз чизҳое, ки ин раисҷумҳур дарк намекунад, ин аст, ки гӯш додан ба мардум як заъф нест, балки қудрат аст. Аз назари як раҳбари воқеӣ, тазоҳуроти саросари фурсате барои Амрико хоҳад буд то миллате беҳтар бисозем”.