Июн 13, 2020 15:58 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмони Миллал барои ҳазфи нажодпарастӣ дар Амрико

Табъизи нажодӣ ва хушунати густурда алайҳи сиёҳпӯстон ҳамвора ба унвони яке аз хусусиёти ошкори ҷомеаи Амрико матраҳ будааст. Ба рағми муборизоти густурдаи сиёҳпӯстон барои амалисозии ҳуқуқи худ, онҳо ҳамчунон қурбонии анвои намуди табъиз ва хушунат ба вижа аз ҷониби полис бо ҳимояти дастгоҳи қазоии Амрико ҳастанд.

Ин масъала  вокуниши Созмон Миллалро ба вижа пас аз қатли фаҷеи Ҷорҷ Флойд- сиёҳпӯсти амрикоӣ тавассути як афсари полиси сафедпӯсти Миннеаполис дар иёлати Миннесота  дар 25 май ба думбол доштааст. Кумитаи ҳазфи табъизи нажодии Созмони Милали Муттаҳид  рӯзи ҷумъа аз давлати Амрико хост, ки ислоҳоти фавриро барои ҳазфи табъиз ва нажодпарастии сохторӣ аз системи полис иҷроӣ кунад. Ин кумита  дар баёнияе эълом кард аз давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мақомҳои давлатӣ ва маҳаллии ин кишвар мехоҳем, ки ислоҳоти фаврӣ ва муносиберо барои ҳазфи иқдомоти нобаробари нажодӣ ё табъизи сохторӣ  дар полис ва низоми қазоии кайфарӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи қурбониёни ҷиноёти боангезаи нажодӣ иҷроӣ кунанд.  Дуналд Трамп- раиси ҷумҳури  Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, ки дар ҳоли ниҳоӣ кардани фармони иҷроие аст, ки ниҳодҳои иҷроияи қонунро ба иҷроии стандартҳои ҷорӣ ташвиқ мекунад.

Пештар низ  Мишел Башелт- комиссари олии ҳуқуқи инсони Созмони Миллали Муттаҳид нажодпарастӣ  дар Амрикоро «сохторӣ» тавсиф ва онро маҳкум кард. Башелт гуфт: Садоҳое, ки хостори поён додан ба қатли  амрикоиҳои сиёҳпӯсти ғайримусаллаҳ ҳастанд, бояд шунида шаванд. Садоҳое, ки хостори поён додан ба хушунати полис ҳастанд, бояд шунида шаванд ва ҳамчунин садоҳое, ки хостори поён додани нажодпарастии ниҳодина ва сохторӣ ҳастанд, ки ҷомеаи Амрикоро табоҳ кардааст, бояд шунида шаванд.

Интиқодҳои Созмони Милал аз вазъияти ноҳанҷор ва зиддиинсонии сиёҳони Амрико ва дархости ахири он бар тағйири ин вазъият, он ҳам дар кишваре, ки иддаои пештозӣ дар заминаи ҳуқуқи инсон  дар ҷаҳонро дорад, парда аз воқеияте талх дар ҷомеаи Амрико бар медорад. Дар воқеъ табъизи нажодӣ, омӯзишӣ,  шуғлӣ, иҷтимоӣ ва низ иҷроии хушунат алайҳи сиёҳпӯстон ба равияе оддӣ табдил шудааст.

Сиёҳпӯстон дар таърихи сеқарнии Амрико ҳамвора ҳадафи бардадорӣ, сӯистифодаи густурда, куштор ва хушунати беҳад будаанд. Ба рағми ин ки Ҷунбиши ҳуқуқи мадании сиёҳон дар даҳаи 1950 мавҷеро дар заминаи амалисозии ҳуқуқи онҳо ва рафъи табъизҳо муҷиб шуд, воқеияти ҷомеаи кунунии Амрико ҳокӣ аз тадовуми табъизи нажодӣ дар абъод ва ҷанбаҳои мухталиф алайҳи онон аст. Вазъияти сиёҳпӯстон аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо вахомати рӯзафзуне мувоҷеҳ шуда ва аз ҷумла мазоҳири ин масъала, ки дар солҳои ахир бисёр пурранг шуда, хушунати беҳадду  ҳасри полиси Амрико алайҳи сиёҳпӯстон аст. Нигоҳе ба оморҳо нишон медиҳад, ки қурбониёни аслии хушунати полиси Амрикоро рангинпӯстон ба вижа сиёҳпӯстон ташкил медиҳанд ва ҳамин масъала аз далелҳои аслии эътирозот ва шуришҳое аст, ки ҳар аз чанд гоҳе дар Амрико рух медиҳад.

Дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ба далели рӯйкарди нажодпарастонаи вай амалан фишорҳо алайҳи сиёҳпӯстон  тавассути нажодпарастон ташдид шудааст. Ба гуфтаи як коршиноси сиёсии фаронсавӣ: Хушунат дар Амрико дар давраи риёсатҷумҳурии Трамп афзоиш пайдо кардааст. Иттилооти ироашуда аз сӯи полиси федерали  Амрико (FIB) нишон медиҳад, ки аз замони ба қудрат расидани Трамп, хушунат алайҳи ақаллиятҳо ва ҷиноятҳои нафратомез рушд  доштааст. Бад-ин тартиб равшан аст, ки рӯйкарди нажодпарастонаи Трамп ва ҳимоятҳои ошкор ва пинҳони вай аз дидгоҳҳои рости ифротӣ ва нижодпарастона нақши муҳимме дар густариши иқдомоти хушунатомез алайҳи сиёҳпӯстон дар Амрико  дар солҳои ахир ифо мекунад.

Акнун Трамп муддаӣ шудааст, ки қасди анҷоми ислоҳотеро дар полиси Амрико дорад бо ин ҳол вай ҳамчунон бар анҷоми иқдомоти хушунатомез аз ҷониби полис таъкид мекунад. Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Факс-Ниюз эълом кард: Гоҳе лозим аст, ки полис бар гардани гумонбарон фишор ворид кунад. Ин изҳори назари Трамп дар воқеъ ба маънои навъе иҷозатнома  барои  такрори фоҷиаи қатли сиёҳпӯсте дигар аст. Трамп худ ба хубӣ медонад, ки Ҷорҷ Флойд  дар ҳоле, ки дастҳояш дастбанд хурда буд, тавассути маъмурони полис бар рӯи хиёбон хобонда шуд ва яке аз афсарон ба муддати наздики 9 дақиқа зонуи худро бар гардани вай фишурд. Флойд ба тавре мудовим фарёд мезад «наметавонам нафас бикашам», аммо афсари полис ҳеҷ таваҷҷуҳе ба вай накард ва ӯ дар ниҳоят ҷони худро аз даст дод.

 

Барчасп