Июн 14, 2020 10:33 Asia/Dushanbe
  • Вирусе, ки бар шумори фақирон меафзояд

Дар ҳоле, ки пеш аз буҳрони КОВИД-19 пешбинӣ мешуд дар соли 2020 теъдоди фақирони ҷаҳон коҳиш ёбад, пайдо шудани вируси корона тамоми талошҳои ҷаҳон барои фақрзудоиро аз байн бурд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ҳоле, ки пеш аз буҳрони КОВИД-19 Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ карда буд теъдоди фақирони ҷаҳон аз 738 миллион нафар дар соли 2015 ба 595 миллион нафар дар соли 2020 коҳиш ёбад, имсол теъдоди мардуми дар фақри шадид ба 679 миллион то 719 миллион нафар хоҳад расид.

Ҷо ба ҷо шудани конуни густариши корона аз шимоли Амрико ва Аврупо ба кишварҳои камбархурдори ҷануби кураи замин, сабаб шудааст Бонки Ҷаҳонт бароварди худро тағйир диҳад.

Бонки Ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба гузориши чашмандози иқтисодии ҷаҳон, ду сенария барои таъсири КОВИД-19 рӯи фақр тарроҳӣ кардааст, ки дар сенарияи нахуст, мизони шуйюи беморӣ дар сатҳи кунунӣ боқӣ мемонад ва фаолиятҳои иқтисодӣ аз сар гирифта мешаванд, аммо дар сенарияи дувум, мизони шуйюъ бештар ва тӯлонитар мешавад ва маҳдудияти фаолиятҳои иқтисодӣ низ боқӣ мемонад ва ё ҳатто бештар мешавад.

Дар сенарияи авал, рушди иқтисодии ҷаҳон 5- дарсад ва дар сенарияи дувум, 8- дарсад пешбинӣ шудааст.

Дар шароите, ки рушди иқтисодии ҷаҳон 5- дарсад бошад буҳрони вируси корона 71 миллион нафарро ба фақри шадид хоҳад кашонд, аммо агар рушди иқтисодӣ ба 8- дарсад суқут кунад наздик ба 100 миллион нафар ба фақри шадид кашида мешаванд.