Октябр 05, 2016 17:49 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Қундуз - абзори Амрико барои интиқоли таниш ба Осиёи Марказӣ

Коршиноси масоили сиёсии Афғонистон гуфт: Даргириҳои ахири Қундуз роҳбурди ҷадиди Амрико барои интиқоли ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон ва Узбакистон аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Аҳмад Саидӣ - коршиноси масоили сиёсии Афғонистон афзуд: Ҷанг дар шимоли Афғонистон тарҳи Амрико ва Ғарб бо ҳадафи зарба задан ба манофеи Русия аст.

Ин коршинос гуфт: Ҷанг дар Ховари Миёна тӯлонӣ шудааст ва Амрико эҳсос мекунад манофеи иқтисодии худ дар ин минтақаро аз даст медиҳад, аз ин рӯ дар талош барои ноором кардани Афғонистон ва интиқоли бесуботӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Саидӣ таъкид кард: Амрико ва Ғарб дар назар доранд дасти Русияро дар ҷанги Ховари Миёна кӯтоҳ ва Маскавро ба як ҷанги ҷадид дар Осиёи Марказӣ машғул кунанд.

Вай афзуд: Вилояти Қундуз аз нигоҳи мавқеияти роҳбурдӣ ва таркиби ақвом барои идомаи ҷанг муносиб аст ва аз тарафи дигар дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон ва Узбакистон қарор дорад, аз ин рӯ, ором-ором доманаи ҷанг аз ин минтақа ба Осиёи Марказӣ кашида хоҳад шуд.

Ин коршиноси сиёсӣ таъкид кард, ки бидуни шак дар пушти ҷанги Қундуз ба таври мустақим Амрико, Англия ва Покистон қарор доранд.

Толибон дар чанд рӯзи гузашта фаъолиятҳои худро дар Қундузи Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон афзоиш додааст ва талош мекунад то ин вилоятро таҳти тасарруфи худ дароварад.