Июн 14, 2020 14:36 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи кишварҳои аврупоӣ барои сохти 300 миллион ваксинаи корона

Чаҳор кишвари аврупоӣ барои сохти 300 миллион ваксина корона тавофуқ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи хабарии Deutsche Welle, Вазорати беҳдошти Олмон эълом кард: Чаҳор кишвари Олмон, Фаронса, Италия ва Нидерланд бо як ширкати дорусозӣ барои сохти беш аз 300 миллион доза ваксинаи вируси  корона қарордод имзо карданд.

Ин ваксина дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи озмоишӣ қарор дорад.

Бар асоси баёнияи Вазорати беҳдошти  Олмон, ваксина ба маҳзи омода шудан мутаносиб бо ҷамъияти кишварҳо тавзеъ мешавад ва ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо метавонанд  дар ин барнома ширкат кунанд.

Пешбинӣ мешавад ин ваксина то поёни соли 2020 тавлид шавад.