Тавофуқи кишварҳои аврупоӣ барои сохти 300 миллион ваксинаи корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54500-Тавофуқи_кишварҳои_аврупоӣ_барои_сохти_300_миллион_ваксинаи_корона
Чаҳор кишвари аврупоӣ барои сохти 300 миллион ваксина корона тавофуқ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 14, 2020 10:06 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи кишварҳои аврупоӣ барои сохти 300 миллион ваксинаи корона

Чаҳор кишвари аврупоӣ барои сохти 300 миллион ваксина корона тавофуқ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи хабарии Deutsche Welle, Вазорати беҳдошти Олмон эълом кард: Чаҳор кишвари Олмон, Фаронса, Италия ва Нидерланд бо як ширкати дорусозӣ барои сохти беш аз 300 миллион доза ваксинаи вируси  корона қарордод имзо карданд.

Ин ваксина дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи озмоишӣ қарор дорад.

Бар асоси баёнияи Вазорати беҳдошти  Олмон, ваксина ба маҳзи омода шудан мутаносиб бо ҷамъияти кишварҳо тавзеъ мешавад ва ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо метавонанд  дар ин барнома ширкат кунанд.

Пешбинӣ мешавад ин ваксина то поёни соли 2020 тавлид шавад.