Июн 15, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • Лағви маҳдудиятҳои парвози байни Русия ва Туркманистон

Русия аз лағви маҳдудиятҳои парвози байни ин кишвар бо Туркманистон хабар дод.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, "Светлана Петрова" масъули идораи ҳавонавардии Вазорати ҳамлу нақли Русия гуфт: "Тараддуди ҳавоии байни ин  кишвар ва Туркманистон бо мувофиқати ду кишвар дар ояндаи наздик аз сар гирифта мешавад."

Дар ҳоли ҳозир парвозҳо байни Туркманистон ва Русия ба далели густариши корона мутаваққиф шудааст.