Ҳамлаи Толибон ба шаҳристони Ҷалрез дар вилояти Майдонвардаки Афғонистон
Садҳо нафар аз аъзои Толибон ба сохтмони фармондорӣ ва фармондеҳии полиси шаҳристони Ҷалрез дар вилоятии Майдонвардаки Афғонистон ҳамла карданд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, фармондори шаҳристони Ҷалрез гуфт: Ҳамлаи аъзои Толибон ба сохтмони фармондорӣ ва фармондеҳии полиси ин шаҳристон ба даргирӣ бо неруҳои амниятии Афғонистон мунҷар шуд.
Саидмуҳаммади Ҳошимӣ бидуни ишора ба талафоти ин даргириҳо гуфт: Атрофи сохтмони фармондорӣ ва фармондеҳии полиси шаҳристони Ҷалрез дар муҳосираи Толибон қарор дорад ва эҳтимоли суқути ин шаҳристон бисёр зиёд аст.
Ҷалрез дар имтидоди бузургроҳи Кобул-Бомиён қарор дорад ва аз ноамнтарин шаҳристонҳои вилояти Майдонвардак аст, ки Толибон дар бахшҳое аз он ҳузур дорад.