Июн 18, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз бузургнамоии масоили Эрон ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ

Русия бо таъкид бар лузуми ҳалли масъалаи пешомада миёни Эрон ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, аз бузургнамоии он интиқод кард.

Ба гузориши Форс, Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, бомоди рӯзи панҷшанбе дар твите навишт:

Аз ин, ки ҳанӯз Теҳрон ва дабирхонаи Агентии байналмилалии энергияи атомӣ масаъалаи дастрасӣ ба ду макони Эронро ҳал накардаанд, мутаассиф ва нигарон ҳастем, аммо ҳеҷ далеле барои бузургнамоии ин масъала вуҷуд надорад.

Улянов афзуд, ки моилем бори дигар таъкид кунем, ки Шӯрои ҳокими Агентии атомӣ, масъалаи ҳастаии Эронро вахимтар накунад.

Дар бахше аз нишасти ғайриалании рӯзи душанбеи Шӯрои ҳоким, нишасте иттиҳомоти беасосе мабнӣ бар иҷоза надодани Эрон барои дастрасӣ ба ду макон тарҳ шуд ва се кишвари аврупоии тарафи БарҶом, шомили Британитя, Фаронса ва Олмон, бо танзими пешнависе, дар садади ба тасвиб расонидани қатъномае дар Шӯрои ҳокими Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ҳастанд.

 

Барчасп