Ҷарима ва зиндон: истифода накардан аз ниқоб дар Исломобод
(last modified Mon, 22 Jun 2020 12:58:58 GMT )
Июн 22, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷарима ва зиндон: истифода накардан аз ниқоб дар Исломобод

Мақомоти Покистон эълом карданд, шаҳрвандоне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқоб истифода намебаранд, ҷарима ё ҳатто ба маҳбас кашида хоҳанд шуд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Форс, "Ҳамза Шафқат" муовини шаҳрдори Исломобод бо эълони ин матлаб дар ҳисоби Твиттерии худ гуфт: "Истифода аз ниқоб ва пӯшондани сурати худ дар кулли маконҳои умумии Исломобод илзомӣ аст."

Ба гуфтаи вай, бозорҳо, маконҳои умумӣ, масҷидҳо, маркази ҳамлу нақли умумӣ, хиёбонҳо ва ҷодаҳо баррасӣ мешавад.

Пеш аз ин низ "Умронхон" , нахуствазири Покистон бо ишора ба шуюи вируси корона дар ин кишвар гуфта буд: "Аз ин пас ҳеч кас ҳаққи тараддуд ва ҳузур дар маконҳои умумӣ бидуни истифода аз ниқобро надорад".

Вай афзуд: "Акнун замони сахтгирӣ ва ташдиди завобити марбут ба фосилагузории иҷтимоӣ, пешгирӣ аз интишори вирус, шиносоии ноқилин ва ҷудосозии онҳо аз дигар афрод фаро расидааст."