Поёни зудҳангоми музокироти Амрико ва Русия дар заминаи кантроли таслиҳоти ҳастаӣ
Яке аз ихтилофоти умдаи Русия ва Амрико дар бораи тамдиди паймонҳои кантроли таслиҳоти марбут ба паймон старти нав аст. То кунун Амрико дар ростои сиёсати кулии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии ин кишвар бинобар хуруҷ аз паймонҳои кантроли таслиҳот, бар адами тамдиди ин муоҳида таъкид мекард,бо ин ҳол акнун дар мавзеи нав хоҳони паймони ҳастаии нав бо Русия шуда ,ки шомили Чин низ бишавад.
Амрико ва Русия музокиротро барои наҷоти охирин паймони кантроли таслиҳоти ҳастаӣ яъне паймони старти нав пас аз як рӯз хотима доданд. Чин алорағми даъват аз суи Амрико , намояндае ба ин музокирот нафиристод. дар нишасти музокироти Халъи силоҳҳое ,ки субҳи рӯзи душанбе 22 июн пушти дарҳои баста оғоз шуда буд Маршал Билингзели намояндаи нави кантроли таслиҳотии Амрико ва Сергей Рябаков муовини вазири умури хориҷаи Русия ҳузур доштанд. Михаил Улянов, сафири Русия дар Вена дар ТВИТТЕРи худ бо эълони поёни ин музокирот навишт ; арзёбии расмии мо баъдан эълон хоҳад шуд. Мақомоти амрикоӣ қарор аст сешанбе дар ин бора иттилорасонӣ кунанд.
Қарор буд ин музокирот ба муддати ду рӯз яъне душанбе ва сешанбе дар Вена идома дошта бошад. Меҳвари ин музокирот талош барои дастёби ба тавофуқе ба манзури тамдиди Паймони старти нав ,ки муҳлати иҷроии он дар санаи 5 моҳи феврали 2021 ба поён мерасад буд. Тибқи ин Паймон ,ки дар соли 2010 миёни раисони ҷумҳурии вақти Русия ва Амрико мунақид шуд ин ду кишвар мутааҳид шуданд, теъдоди сомонаҳои партоби мушаки ҳастаии стратегиро ба 800 ва теъдоди кулоҳакҳои ҳастаиро ба 1550 кулоҳак коҳиш диҳанд. Чин ,ки дар ҳоли ҳозир зародхонаи атомии бисёр кучактаре нисбат ба Амрико ва Русия дар ихтиёр дорад , пештар даъват барои ҳузур дар ин нишасти муштаракро рад карда ва умедвории Вашингтонро барои сеҷониба кардани Паймони старти нав аз миён бурд. Билингзели дар ин замина дар ТВИТТЕР навишт ; Чин дар ин музокирот ,ки рӯзи душанбе дар Вена баргузор шуд, ҳузур наёфт. Пекин ҳануз худашро пушти девори бузурги роздорӣ пинҳон мекунад. Бо вуҷуди ин , мо бо Русия гуфтугу мекунем. Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Чин чанде пеш эълон карда буд ,ки ҳануз замони муносиб барои мушорикати Чин дар музокироти Халъи силоҳ нарасидааст.
Вашингтон хоҳони пайвастани Чин ба ҳар паймони нав дар заминаи кантроли таслиҳот аз ҷумла Паймони старти нав ва низ канор гузоштани таслиҳоти фаросувти аз зародхонаи Русия ба унвони ду шарти муҳим барои тамдиди Паймони старти нав аст. Бо ин ҳол на Пекин ва на Маскав ин шартҳоро напазируфтаанд.
Ба навиштаи рӯзномаи британиёии Гордин , чунин дастоварди мусталзами солҳо музокира миёни ду кишвар хоҳад буд. Аз суе агар тавофуқи мавҷуд мунқази шавад, барои аввалинбор дар тули ним қарни гузашта манъе дар хусуси густариши таслиҳоти ҳастаӣ барои Маскав ва Вашингтон вуҷуд нахоҳад дошт.
Кишварҳои Аврупоӣ ва муттаҳидони Амрико умедворанд ,ки Вашингтон бо тамдиди Паймони старти нав мувафиқат кунанд. Аммо Блигзели чанде пеш дар нишасти Шурои НАТТО чандон рағбате ба ин масала нишон надоданд. Ин масала ба вижа пас аз эълони хуруҷи Амрико аз Паймони Осмонҳои боз ,ки бо иддаои афзоиши нигарони нисбат ба нақзи тавофуқномаҳои кантроли таслиҳот тавассути Русия сурат гирифт муҷиби нигаронии муттаҳидони Амрико шудааст. Надия Ашмед , раиси кампини мамнуияти силоҳҳои ҳастаӣ ҳушдор дода ,ки дар сурате ,ки то панҷуми моҳи феврали 2021 тавофуқе ҳосил нашавад мо бо мусобиқаи таслишҳотии ғайри кантроли шудае рӯ рӯ хоҳем шуд.
Вашингтон талош мекунад то Маскавро муқасири лағв ва тамдид нашудани паймонҳои кантроли таслиҳот аз ҷумла Паймони старти нав муарифӣ кунад. Бо ин ҳол мақомоти аршади Русия бар азми ин кишвар барои истодагӣ дар баробари Амрико ва иқдоми мутақобил таъкид кардаанд. Ба гуфтаи Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия дар сурате ,ки Паймони старти нав берасидан ба як нусхаи нав, мунқази шавад, дигар василае барои маҳдуд кардани рақобати таслиҳотӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Вай таҳдид кард агар Амрико нишонае аз қасди худ барои тамдиди Паймони старти нав аз худ нишон надиҳад, Русия низ иҷоза хоҳад дод ,ки ин паймон дар соли 2021 мунқазӣ шавад. Поёни муҳлати ин паймон дар соли 2021 муҷиб мешавад то Амрико биридигар тавсиъаи таслиҳоти ҳастаии стратегиро беҳеҷ маҳдудияте оғоз намояд ,ки бо вокуниши мутақобили Русия рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва ба ин тартиб ин амр муҷиби афзоиши бесуботи дар арсаи байналмилаллӣ ва густариши мусобиқаи таслиҳотӣ байни қудратҳои ҳастаии ҷаҳон хоҳад шуд.