Интиқоли шаҳрвандони русии бандмонда дар Тоҷикистон ба кишварашон
Русия бахши дигаре аз шаҳрвандони бандмондаи хеш дар Тоҷикистон ба далели коронаро ба кишвараш бозгардонд.
Русия бахши дигаре аз шаҳрвандони бандмондаи хеш дар Тоҷикистон ба далели коронаро ба кишвараш бозгардонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИТАР-ТАСС, шомгоҳи сешанбе як ҳавопаймои ширкати Ural Airlines 218 мусофир аз ҷумла шаҳрвандони Русияро интиқол дод.
Ин парвоз дар масирҳои Душанбе-Новорсибирск ва Екатеринбург анҷом шуд.
115 нафар аз ин афрод аз Душанбе ба мақсади Новорсибирск ва 103 нафар низ ба Екатеринбург парвоз карданд.
Бо таваҷҷуҳ ба шароите, ки бо густариши вируси корона вуҷуд дорад Русия аз таърихи 27 марти 2020 хадамоти байналмиллалии ҳавоии худро комилан таътил кардааст.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия фақат метавонанд парвозҳои вижаеро барои бозгашти шаҳрвандони бандмонда бар асари корона ба хонаҳояшон анҷом диҳанд.