Июн 24, 2020 19:20 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори бомба ҷони 6 ғайринизомиро дар Афғонистон гирифт

Дафтари матбуотии “Лашкари 209” –и Шоҳини Афғонистон дар шимоли ин кишвар эълом кард, дар пайи асари инфиҷори бомбаи ҷосозишуда дар канори ҷода, дар устони Ҷузҷон 6 нафар ғайринизомӣ кушта ва як фарди дигар захмӣ шуданд.

Лашкари 209-и Шоҳин рӯзи чаҳоршанбе бо интишори иттилоияе дар ин замина гузориш дод: Ин афрод шаби гузашта дар рустои Фурук- қалъа, дар шаҳристони Мардиён ҳадафи инфиҷори бомбаи ҷосозишуда қарор гирифтанд.

Ҷузҷон яке аз вилоятҳои воқеъ дар шимоли Афғонистон ба марказияти шаҳри Шибирғон аст. Ин вилоят бо кишвари Туркманистон ҳаммарз аст.

Бар асоси ин иттилоия, танҳо фарди захмии ин ҳодиса ба бемористон интиқол дода шудааст ва таҳти дармон қарор дорад, аммо аз вазъияти вай гузорише дар даст нест.

Вазорати кишвари Афғонистон ҳам дар ин замина гузориш дод: рӯзи гузашта 10 бомбаи ҷосозишуда дар канори ҷодаро дар устонҳои Ҳирот, Лугар, Зобул, Нангарҳор, Ғӯр ва Фароҳ кашфу хунсо кардааст.

Вазорати дифои Афғонистон низ дар иттилоияе ҷудогона аз кушта шудани 5 узви гурӯҳи Толибон дар устони Сарипул, дар шимоли ин кишвар хабар дод. Дар ин иттилоия омадааст, ки шаби гузашта ҷангҷӯёни Толибон ба посгоҳе дар маркази устони Сарипул ҳамла карданд, аммо дар даргирӣ бо нерӯҳои артиш маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.