Июн 25, 2020 10:53 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши садҳо неруи кадри миллии Амрико дар Вашингтон

Садҳо неруи горди миллии Амрико дар Вашингтон ба ҳолати омодабош даромаданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс , неруҳои горди миллии Амрико баъд аз зуҳри рӯзи гзашта ( чоршанбе ) баъд аз он дар пойтахт ба ҳолати омодабош даромаданд ,ки муътаризони амрикоӣ дар иқдоме талош карданд ,ки муҷасамаи Андру Ҷексун ҳафтумин раиси ҷумҳури Амрико дар наздикии Кохи Сафедро ба унвони бахше аз талошҳо барои аз байн бурдани намодҳои бардадори сарнагун кунанд.

Карг Калбар сухангуи горди миллии Вашингтон Ди Си дар ин хусус гуфт ; горди миллии минтақаи Калумбия ба манзури пуштибонӣ аз ниҳодҳои амниятӣ ва иҷроии қонун дар муҳофизат аз биноҳои таърихӣ ва дигар зерсохтҳо , неруҳои ғайри мусалаҳи худро эъзом кардааст.

Тибқи гузориши Рашатудей , ин 400 неруи горди миллии Амрико ҳануз дар хиёбонҳо мустақар нашудаанд ва дар пойгоҳи горди миллӣ дар пойтахт ҳузур доранд аммо сухангуи ин ниҳоди низомӣ эълон кардааст дар сурати ниёз , барои кумак ба пулис порки Вашингтон Ди Си дар хиёбонҳои пойтахт мустақар хоҳанд шуд.

Гузоришҳои мунташиршуда ҳоки аз он аст ,ки неруҳои горди миллии Амрико ҳамчунин рӯзи гузашта дар Иёлоти Висконсини Амрико барои муқобила бо муътаризон ба ҳолати омодабош даромаданд.