Июн 25, 2020 11:58 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши намояндаи Русия дар ожонс ба иддаоҳои зидди эронии коршиносони амрикоӣ

Дипламати баландпояи русия дар Вена хитоб ба бархе коршиносони амрикоие ,ки муддаии нақзи Эн Пи Ти тавассути Эрон ҳастанд ,гуфт ,ки агар ингуна аст, чаро ҳеҷ касе ҷуз шумо аз он муталеъ нест.

Дипламати баландпояи русия дар Вена хитоб ба бархе коршиносони амрикоӣе ,ки муддаии нақзи Эн Пи Ти тавассути Эрон ҳастанд ,гуфт ,ки агар ингуна аст, чаро ҳеҷ касе ҷуз шумо аз он муталеъ нест ?

Михаил Улянов сафир ва намояндаи доими Русия дар  Созмонҳои байналмилаллии мустақар дар Вена бомдоди чоршанбе дар паёми ТВИТТЕРИ навишт ; бархе коршиносони амрикоӣ ба сурати ҷидӣ иддао мекунанд ,ки Эрон ба таври комил Паймони манъи густариши таслиҳоти ҳастаии ( Эн Пи Ти ) ро нақз кардааст.

Улянов афзуд ; пас чаро бақияи ҷаҳон , аз ҷумла Ожонси байналмилаллии энержии атомӣ ва Шурои Ҳуком он аз ин воқеияти ваҳшатнок муталеъ нестанд ? мусаламан нафрат мушовири баде барои ин коршиносон буда ва таблиғот ҳаду марзе надорад.

Вай пештар низ дар паёми дигаре мавзуи раиси ҷумҳури Эрон дар вокуниш ба қатъномаи ахири Шурои Ҳукоми ожонс дар бораи Эронро бисёр масулона тавсиф кард.

Қатъномаи Триукои Аврупо алайҳи Эрон, ба рағми мухолифати ҷидии Чин ва Русия дар нишасти фаслии Шурои Ҳукоми ожонси байналмилаллии  энержии атомӣ рӯзи ҷумъа 30 хурдод ба тасвиб расид.

Дар ин қатънома се кишвари аврупоии Англис , Олмон , ва Фаронса бо ҳимояти Амрико аз Эрон хостанд ба мумониат аз дастрраси бозрасони ожонс ба 2 сойти ҳастаии кишвар поён диҳад ва бо онҳо ба таври комил ҳамкори кунад.

Намояндаи доими Русия дар ожонси байналмилаллии энержии атомӣ пештар бо интиқод аз ин қатънома ёдовар шуд ,ки қатъномаи Шурои Ҳуком дар мавриди дастрасӣ ба ду марказ дар Эрон вазъиятро бадтар мекунад.