Роҳандозии нахустин озмоишгоҳи сайёри Корона дар Пекин
Июн 25, 2020 12:54 Asia/Dushanbe
Нахустин озмоишгоҳи сайёри Корона дар Пекин роҳандозӣ шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Разавӣ , телевезиони давлатииЧин , зарфияти анҷоми тести Корона дар озмоишгоҳи рӯзона 30 ҳазор нафар аст ва метавон онро дар сурати лузуми ҷобаҷо кард.
Аз ду миллиону 500 ҳазор нафар то кунун дар шаҳри Пекин таҳти озмоиши Корона гирифта шуда ва ба иллати афзоиши шумори мутақозиён дар нуқоти мухталифи пойтахт , маконҳое барои ин озмоиш дар назар гирифта шудааст.
Камисиюни тандурустии миллии Чин имрӯз панҷшанбе эълон кард ; ин кишвар аз ибтидои шуюи вируси Корона дар охирҳои моҳи декабри гузашта то кунун беш аз 94 миллион озмоиши Корона анҷом додааст.