Июн 25, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико дар Шурои амният барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон

Амрико дар ростои муқобила бо афзоиши қудрати дифоъӣ ва низомии Ҷумҳури Исломии Эрон, корзори байналмиллалии густурдаеро ба манзури ҷилавгирӣ аз бекор кардани таҳримҳои таслиҳотии Эрон, ки тибқи қатъномаи 2231 қарор аст 18 октябри 2020 ба поён бирасад, оғоз кардааст.

Дар ин замина дипломатҳои баландпояи амрикоӣ дар нишасти маҷозии Шурои амният  талош карданд  бо ироаи истидлолҳо ва тавзеҳоте, аъзои ин шуроро қонеъ кунанд то бо Вашингтон дар заминаи идомаи таҳрими таслиҳотии Эрон ҳамроҳ шаванд. Браян Ҳук- намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон ва Кейли Крафт- сафири Амрико дар Созмони Миллали Ммуттаҳид, рӯзи чаҳоршанбе бо намояндагони аъзои Шурои амният дар бораи пешнависи қатъномаи нав гуфтугӯ карданд. Бино бар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, ин ду дипломати амрикоӣ дар ҷараёни ройзанӣ ва машварати маҷозии худ бо намояндагони 14 узви дигари Шурои амният, дар бораи фаолитҳои Эрон дар минтақа аз ҷумла ҳамлаҳои сентябри 2019 ба таъсисоти нафтии Арабистони саудӣ дар минтақаи Ал-Шарқия суҳбат карданд ва хоҳони идомаи таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи ҷумҳурии исломӣ шуданд. Ин иддаои Вашингтон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Эрон даст доштан дар он ҳамлаҳоро рад карда ва Муқовимати Яман низ сароҳатан масъулияти ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ ба Арабистонро бар уҳда гирифтааст. Браян Ҳук бо ишора ба ин ки маҳдудиятҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон аз соли 2007 ҳифз шудааст, иддао кард, ки Шурои амният  бояд дар хусуси нигаронӣ дар бораи интиқоли силоҳ тавассути Эрон муттаҳид бошад.

Талоши Вашингтон барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар ҳоле ташдид шудааст, ки ба эътирофи коршиносон ва таҳлилгарон шанси каме барои муваффақияти он вуҷуд дорад. Маҷаллаи "Foreign policy" дар ин замина навишт, ки пешнависи қатъномаи пешниҳодии Амрико аз шанси андаке барои тасвиб дар миёни 15 узви Шурои амният бархурдор аст. Як дипломати ғарбӣ ба ин нашрия гуфт, ки ин қатънома мумкин аст ҳатто дар касби 9 овози лозим барои водор кардани Русия ё Чин ба истифода аз ҳақи вато ҳам ноком бимонад. Пешнависи қатънома барои тасвиб дар Шурои амният ниёзманди мувофиқати камаш 9 узв, бидунии вато аз сӯи ҳар як аз 5 узви доими Шурои амният яъне Амрико, Русия ,Чин, Фаронса ва Британия аст. Қатъномаи пешниҳодии Амрико хостори манъи фуруш, арза ё интиқоли силоҳ ё колоҳои муртабит аз сӯи Эрон аст. Ин қатънома ҳамчунин кишварҳоро аз фуруш, арза ё интиқоли силоҳ ё колоҳои муртабит ба Эрон, магар дар сурати мувофиқати кумитаӣ дар Шурои амният манъ мекунад. Амрико хоҳони иҷроии таҳримҳои мазкур алайҳи Эрон ба таври номаҳдуд аст. Амрико иддао карда «аз ҳамаи абзорҳои худ» барои тамдиди ин таҳримҳо истифода хоҳад кард.

Бо таваҷҷуҳ ба огоҳии давлати Трамп аз мухолифати ҷиддии Маскав ва Пекин бо қатъномаи пешниҳодии Амрико, акнун мақомоти давлати Трамп ба таҳдиди ин ду қудрати байналмиллалии рақиби Амрико рӯй овардаанд. Браян Ҳук дар гуфтугӯ бо Рейтерз эълом кард: Русия ва Чин дар сурате, ки ба мухолифат бо талошҳои Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон идома диҳанд, дар Созмони Миллали Муттаҳид мунзавӣ хоҳанд шуд. Давлати Трамп бар ин тасаввур аст, ки ингуна таҳдидҳо муҷиб хоҳад шуд Русия ва Чин аз мавзеи усулии худ дар бораи лузуми иҷрои мафоди қатъномаи 2231 аз ҷумла бекор кардани таҳримҳои таслиҳотии Эрон даст бардоранд. Бо ин ҳол мавзеъгирии қотеи ин ду кишвар нишон медиҳад, ки онҳо қасди ақибнишинӣ дар ин заминаро надоранд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ аз Чин ва Русия хост дар баробари тавтеаи Иёлоти Муттаҳида истодагӣ кунанд. Дар муқобил Вашингтон дар пайи он аст бо таҳдид ба иҷрои механизми моша, аъзои Шурои амниятро водор ба қабули хостаи худ кунад. Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе ҳушдор дод, ки дар сурати тамдид накардани таҳримҳои таслиҳотии Эрон, Амрико ба таври якҷониба ҳамаи таҳримҳои муаллақшудаи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳидро алайҳи  Эрон боз хоҳад гардонд. Чин ва Русия дар вокуниш ба ин таҳдид эълом кардаанд, ки Амрико бо таваҷҷуҳ ба хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ дар майи 2018 ҳақи тавассул ба «механизми моша» барои бозгашти худкори таҳримҳо алайҳи Эронро надорад.

Акнун Шурои амният ба арсаи тақобули Амрико бо қудратҳои байналмиллалии мухолифи ҳежмунӣ ва иқдомоти ғайриқонунӣ ва зӯрмадоронаи он табдил шуда ва мусалламан ҳар овозе, ки Шурои амният дар бораи масъалаи таҳрими таслиҳотии Эрон бидиҳад, пайёмадҳои муҳиме барои раванди БАРҶОМ ва низ фарояндҳои низоми байналмиллалӣ хоҳад дошт.

 

Барчасп