Июн 26, 2020 20:01 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи робити Трамп бо Русия ба иттиҳоми фасоди ҷинсӣ

Робити Трамп бо Русия ба иттиҳоми фасоди ҷинсӣ муҳокима мешавад.

Як тоҷири амрикоӣ – лубнонӣ, ки яке аз шоҳидони муҳими таҳқиқоти Роберт Мюллер дар бораи иртиботи маъракаи интихоботии Трамп бо Русия буда ва қаблан барои Амрико ба манзури озодии 10 гаравгони амрикоӣ воситагарӣ карда буд, қарор аст аз бобати иттиҳомоти марбут ба робитаи ҷинсӣ бо кӯдакон ба дастикам 10 сол зиндон маҳкум шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Асошейтед пресс”, Ҷорҷ Нодир, тоҷири амрикоӣ – лубнонӣ моҳи январ аз бобати иттиҳоми даст доштан дар робитаи ҷинсӣ бо кӯдакон изҳори гуноҳкорӣ кард.

Ӯ ҳамчунин ба доштани тасовири ҳарзанигорӣ аз кӯдакон низ эътироф кард.

Дар гузориши марбут ба таҳқиқоти Роберт Мюллер дар бораи иртиботи маъракаи компайни Трамп бо Русия номи Ҷорҷ Нодир беш аз 100 бор зикр шудааст. Дар ин гузориш талошҳои Ҷорҷ Нодир ба манзури осонсозии иртибот миёни русҳо ва аъзои тими интиқолии Доналд Трамп баъд аз маъракаи интихоботии 2016 шарҳ дода мешавад.

Ҷорҷ Нодир дар даҳаи 1990 миёнҷигарӣ кард то озодии гаравгонҳои амрикоиро дар Ғарби Осиё осон кунад. Ҷурми вай ҳаддиақали муҷозоти илзомии 10 сол зиндонро дар пай дорад. Гузориш шуда, ки додситонҳои додгоҳи федерал дар Александрия ба дунболи муҷозоти тӯлонитаре барои ӯ тайи ҷаласаи муҳокимаи имрӯз, ҷумъа нестанд, аммо қозӣ мумкин аст ин корро анҷом диҳад.