Озмоиши корона дар Пекин ба донишгоҳҳо кашида шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54935-Озмоиши_корона_дар_Пекин_ба_донишгоҳҳо_кашида_шуд
Донишҷӯён ва коркунони беш аз 100 донишгоҳ ва маркази омӯзиши олӣ дар пойтахти Чин барои пешгирӣ аз густариши корона дар Пекин озмоиши корона доданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 29, 2020 09:37 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши корона дар Пекин ба донишгоҳҳо кашида шуд

Донишҷӯён ва коркунони беш аз 100 донишгоҳ ва маркази омӯзиши олӣ дар пойтахти Чин барои пешгирӣ аз густариши корона дар Пекин озмоиши корона доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Чин эълом кардааст шумори касоне, ки то кунун дар Пекин озмоиши корона додаанд ба ҳафт миллион нафар расидааст.

Аз рӯзи якшанбе сафҳои дарозе дар ҳамаи минтақаҳои шаҳри Пекин шакл гирифтааст ва ҳамзамон беш аз 100 ҳазор нафар аз донишҷӯён ва коркунони марокизи омӯзишӣ барои озмоиши корона ба сайтҳои тестгирӣ муроҷиа кардаанд.

Рӯзҳои ҳафтум ва ҳаштуми моҳи июл қарор аст озмуни саросарӣ дар шаҳри Пекин баргузор шавад ба ҳамин далел қарор аст дар рӯзҳои оянда се миллион нафари дигар аз афроди  дастандаркор дар амри омӯзиш, донишҷӯён ва хонандагони мактаб озмоиши корона бидиҳанд.

Шуйюи дубораи корона дар шаҳри Пекин, ки беш аз 20 миллион нафар ҷамъият дорад аз рӯзи 11 июн ва аз бозори бузурги "Шин Фоди" дар ҷануби ин шаҳр, ки маркази фурӯши маҳсулоти ғизоӣ, гӯшт, моҳӣ ва сабзавот аст шурӯъ шуд.

Дар се ҳафтаи гузашта рӯзона беш аз 10 нафар дар шаҳри Пекин ба вируси корона олуда шудаанд.