Июл 03, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Картер тарҳи пайвастани Каронаи бохтариро маҳкум кард

Раисҷумҳури пешини Амрико низ тарҳи режими саҳюнистӣ барои пайвастани бахшҳое аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба сарзаминҳои ишғолиро маҳкум кард.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, Ҷимми Картер имрӯз, ҷумъа гуфт, тарҳи Исроил барои илҳоқи бахшҳое аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба сарзаминҳои ишғолӣ ба маънои мусодираи густурда ва ғайриқонунии заминҳои фаластиниён аст ва бояд мутаваққиф шавад.

Раисҷумҳури пешини Амрико тавсеаталабиҳои Исроил дар Каронаи бохтарӣ тайи солҳои ахирро маҳкум ва таъкид кард, шаҳраксозии саҳюнистҳо таҳдид ва хатари ҷиддӣ барои суботи минтақа хоҳад буд.

Режими саҳюнистӣ қасд дошт аз аввали июл бо ҳимояти давлати Амрико, 30 дарсад аз Каронаи бохтарии рӯди Урдунро расман ишғол кунад, аммо бо мухолифати ҷомеаи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва бештари кишварҳои аврупоӣ ва дар натиҷа фишори афкори умумии ҷаҳонӣ, ин тарҳро ба таъхир андохт.

Бенямин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ахиран эълом кард, тарҳи пайвастани бахшҳое аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба заминҳои таҳти ишғол режими саҳюнистӣ тайи моҳҳои оянда амалӣ шавад.

Ин мавзуъ яке аз бандҳои муомилаи нажодпарастонаи қарн аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 28 январи 2020 аз он рӯнамоӣ кард.

Муомилаи қарн тарҳи ҷадиде аз сӯи давлат Амрико,  барои аз байн бурдани ҳуқуқи мардуми Фаластин аст. Ин тарҳ бо ҳамкорӣ ва мувофиқати бархе кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистон таҳия шудааст. Бисёре аз кишварҳо, шахсиятҳо, мақомҳои сиёсӣ ва динии саросари ҷаҳон, ба вижа мусулмонон ин тарҳро маҳкум кардаанд.

 

Барчасп