Июл 05, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Шаш кушта ва 31 захмӣ дар тирпаронии Чикаго

Ҳадди ақал 31 захмӣ ва шаш кушта дар тирпаронии Рӯзи истиқлоли Амрико дар Чикаго ба сабт расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ABC News, полис эълом кардааст, дар минтақаи Вест-Сайди Чикаго як гурӯҳ ашхоси мусаллаҳ аз як худрав пиёда шуданд ва ба самти мардум тирпаронӣ карданд.

Яке аз қурбониён як духтари ҳафтсола будааст.

То соати панҷи нимаи дуввуми рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ, 17 силоҳи гарм кашф шудааст.

Чаҳоруми июл дар тақвими Амрико ба номи Рӯзи истиқлол сабт шудааст ва амрикоиҳо ҳамасола ин рӯзро бо оташбозӣ ва баргузории барномаҳои мухталиф ҷашн мегиранд.

Имсол ба далели корона барномаҳои Рӯзи истиқлол бо шароити фосилагирии иҷтимоӣ ва истифода аз ниқоби тиббӣ баргузор шуд, аммо Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико бидуни риояти протоколҳои беҳдоштӣ дар муҳавватаи Кохи Сафед, барномаи оташбозӣ, парвози ҷангандаҳо ва фуруди парашутчиёнро ба низора нишаст.

Ҳануз мушаххас нест тирпаронӣ дар Чикаго дар эътирозоти зидди табъизи нажодии ҳудуди 40 рӯзи гузашта дар Амрико дар пайи қатли Ҷорҷ Флойд реша дорад ё на.

Дар ин эътирозҳо бисёре аз намодҳои бунёнгузорони Амрико ба далели сиёсатҳои нажодпарастонаи онҳо тахриб ё ба зер кашонда шуд.

Барчасп